Дар соли 2023 корхоню коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 1 миллиарду 787 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбати соли 2022-юм 36 миллилну 80 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ дар ин муддат аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 251 ҳазору 612 тонн, аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 113 ҳазору 530 тонн, ҷамъ 365 ҳазору 142 тонна семент, ки маҷмуан маблағи умумии 165 млн . 443 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Қайд гардид, ки дар соли 2023-юм ба истифода додани 6 корхонаю коргоҳи саноатӣ, ба нақша гифта шуда, 15 ноябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвой миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли гаҷкартон, амстронг, шпаклёвка, штукатурка ва профилҳои металии ҶДММ “Моҳир инвест” ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, дар ин муддат даҳ коргоҳи истеҳсолӣ бо шумораи умумии 36 ҷойи кории доимӣ ба истифода дода шуд, илова кард ӯ.