Расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки ширкати ҳавоии Iran Air пас аз эъмоли таҳримҳои аврупоӣ ба Аврупо парвозҳоро қатъ кардааст. Пеш аз ин Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон таҳримот ҷорӣ карда буд.

“Коммерсант” аз қавли Мақсуд Асади Сомонӣ, мудири Ассотсиатсияи интиқолдиҳандагони ҳавоӣ, менависад: “Ягона ширкати ҳавопаймоие, ки дар кишвари мо ба Аврупо парвоз мекард, Iran Air буд ва бо назардошти таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Iran Air, пас аз ин ягон ҳавопаймои эронӣ ба Аврупо парвоз намекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо ширкати Iran Air метавонад ба Аврупо парвозҳо анҷом диҳад, зеро ин ягона ширкати ҳавопаймоии эронӣ аст, ки дар порки худ ҳавопаймоҳое дорад, ки маводи сӯзишворӣ доранд. Бинобар таҳримҳо алайҳи Эрон, ҳавопаймоҳои ин кишвар дар дастрасии сӯзишворӣ мушкил доранд.

Мақсуд Асади Сомонӣ афзуд, хоҳишмандони истифода аз парвозҳои ҳавопаймоҳои эронӣ дар самти Аврупо дар миёни шаҳрвандони кишвар зиёданд. Вай пешниҳод кард, ки парвозҳо тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ё парвозҳо ба Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дода шаванд.

Рӯзи 14-уми октябр Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ширкатҳои ҳавопаймоии эронии Iran Air, Mahan Air ва Saha Airlines таҳримҳо ҷорӣ кард. Боз 4 шахси ҳуқуқӣ ва 7 шахси воқеӣ низ таҳрим карда шуданд. Таҳримҳо ба далели он ҷорӣ шуданд, ки Шурои Иттиҳодияи Аврупо Эронро дар интиқоли мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия ва Ҳусиҳои Яман гумонбар мекунад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Исмоил Бағой Брюссел ва Лондонро барои эъмоли таҳримот маҳкум кард ва гуфт, ки онҳо ба “баҳонаҳои бардурӯғ ва беасос” асос ёфтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь