Полиси ахлоқи Эрон аз рӯзи якшанбеи 16-уми июл гашти пиёда ва бо мошинро, ки барои назорати риояи меъёрҳои динӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст, дар ин кишвар аз сар гирифт.

Ба гузориши DW, пас аз тазоҳуроти оммавӣ дар тирамоҳи соли 2022 алайҳи раҳбарияти сиёсӣ ва мазҳабии ин кишвар, дастаҳои полиси ахлоқ (гашти иршод) аз кӯчаҳои шаҳрҳои Эрон нопадид шуданд.

Додситони кулли Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ рӯзи 4-уми декабр дар пасманзари эътирозҳои густурдаи марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки дар боздоштгоҳи полис ба иттиҳоми “нодуруст” пӯшидани ҳиҷоб даргузашт, гуфт, “полиси ахлоқ бо системаи судӣ ҳеҷ рабте надорад ва дар он ҷое, ки он сохта шуда буд, барҳам дода шуд». Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки мақомоти кишвар барои тағйири қонуне, ки занонро ба пӯшидани ҳиҷоб муваззаф мекунад, ба кор шуруъ кардаанд.

Дар моҳҳои охир бисёре аз занон талаботи ҳиҷобро нодида гирифтаанд. Дар аввалҳои моҳи апрел раиси қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ-Эҷейӣ ба занон таҳдид кард, ки барои бидуни ҳиҷоб дар назди мардум ҳозир шудан ҷазо хоҳанд гирифт. Чунин рафтор “душманӣ нисбат ба арзишҳои мост” гуфт мансабдор.

Дар моҳи апрел полиси Эрон ба насби “дурбинҳои ҳушманд” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шуруъ кард, ки имкон медиҳанд, занҳои беҳиҷобро шиносоӣ кунанд. Пас аз ин ба “қонунвайронкунандагон” паёмакҳои огоҳкунанда дар бораи оқибатҳои он меоянд. Ҳадафи ин амалҳо “ҷилавгирӣ аз муқовимат ба қонуни ҳиҷоб” будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь