Тибқи иттилоои вебсайти маҳаллии “Саҳамнюз” узви аршади раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Ҳумайнӣ ба коронавирус сироят ёфтааст. “Саҳамнюз” гузориш додааст, ки узви шӯрои ҳамоҳангсози Эрон Ҳусейн Муҳаммадӣ низ мубталои коронавирус шудааст ва дар як беморхонаи Теҳрон табобат мегирад.
“Саҳамнюз” гуфтааст, ки аҳволи Ҳусейн Муҳаммад вазнин асту аллакай яке аз шушҳояш пурра сироят ёфтааст. Ба гуфти наздикони Ҳусейн Муҳаммадӣ натиҷаи ташхиси шуши дигари Муҳаммадӣ дар ду рӯзи оянда муайн мешавад. Дар сурати ташхиси пурраи Муҳаммадӣ ӯ нахустин узви хонаводаи Ҳумайнӣ хоҳад буд, ки ба вирус мубтало шудааст.
То рӯзи 9-уми март 237 эронӣ бар асари гирифтори ба вирус, аз олам чашм пӯшиданд. Феълан дар ин кишвар 7 ҳазору 161 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, чанд мансабдори дигари давлатӣ дар Эрон , аз ҷумла ду муовини раисҷумҳур ва ду узви Шӯрои экспедитсия ба коронавирус мубтало шудаанд.