Мақомоти эронӣ муҳоҷими собиқи тими миллии футболи ин кишвар Алӣ Доиро ба эъдом маҳкум карданд .

Ин футболбози собиқ дар эътирозоти марбут ба марги Маҳсо Аминӣ, духтари 22-солае, ки аввалҳои моҳи сентябр тавассути полиси ахлоқ боздошт шуда буду се рӯзи пас аз олам даргузашт, ширкат кардааст.

Дар охирҳои сентябр Алӣ аз ҳукумати Эрон хост, ки «ба ҷойи истифода аз саркӯб, хушунату боздошт, мушкилоти мардуми Эронро ҳал кунад». Гуфта мешавад, пас аз интишори назар дар Инстаграм шиносномаи вай гирифта шудааст.

Алӣ 14-уми ноябр посте дар Инстаграм мунташир кард, ки аз даъвати FIFA ба Қатар барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон рад кардааст. Доӣ менависад ки «дар лаҳзаи сахт тасмим гирифт дар ватан бимонад».

Доӣ беҳтарини голзани таърихи тими миллӣ буд, то ин ки рекордаш тавассути Кристиану Роналду шикаста шуд. Ин бозигари эронӣ дар 149 бозӣ барои тими миллӣ 109 гол задааст.

Ӯ дар Аврупо дар клубҳои «Бавария», «Герта» ва «Арминия» бозӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь