Вазорати тандурустии Эрон мегӯяд, ки ҳар соат 50 нафар аз коронавирус сироят меёбанд. Намояндаи Вазорати тандурустии Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур эълом доштааст, ки дар давоми ҳар соат 50 нафар дар Эрон ба бемории COVID-19 мубтало мешаванд.

“Қариб дар ҳар соат дар Эрон 50 нафар мубталоён ба коронавирус ҳастанд ва дар ҳар даҳ дақиқа як нафар бар асари ин беморӣ мемирад”, гуфтааст ӯ дар Твиттер.

Тибқи охирин маълумот, шумораи нафарони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 17 ҳазору 361 нафар расида, 1 ҳазору 335 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь