Бар асари бориши шадид дар Эрон обхезӣ ба амал омада, дар натиҷаи он дар вилояти Форс на камтар аз 19 нафар ҳалок шуда, наздикии 100 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин бора Евронюс иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чунин боришоти пай дар пай аз 31 вилояти ин кишвар дар 25-тоаш ҳодисаҳои обхезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълуомти ВАО-и маҳаллӣ, дар 70 деҳаи вилояти Гулистон ва беш аз 200 деҳаи Мозандарон ҳадди ақал 56 ҳазор нафар аз ин офати табиӣ осеб дидаанд.

Ҳукумати Эрон аҳолии кишварро аз эҳтимоли рух додани обхезиҳо дар шаҳри Теҳрон ва ҳамчунин вилояти Ҳузистон дар ду рӯзи наздик огоҳ кардааст.

Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта дар қисмати шимолии Эрон низ бориши шадид рух дода, дар натиҷа дарёҳо аз соҳил баромада, шаҳру деҳаҳо зери об монданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь