Теъдоди қурбониёни эътирозҳо дар Эрон то рӯзи чоршанбеи 28-уми сентябр ба 41 нафар расид, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод ба рӯзномаи Daily Mail.

Тазоҳуроте, ки 10 рӯз пеш дар Эрон дар маросими дафни Маҳсо Аминии 22-сола, ба тамоми вилоятҳои Эрон паҳн шудааст аз бузургтарин тазоҳуроти умумимиллӣ баъд аз тазоҳуроти қимати маводи сӯхт дар соли 2019 аст. Маҳсо Аминӣ духтари курдии эронист, ки ки аз ҷониби полиси ахлоқ барои нақзи пӯшидани ҳиҷоб боздошт шуду баъд аз се рӯз ба ҳалокат расид.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, дар тазоҳуроти ахир дастикам 41 нафар, аз ҷумла маъмурони полис, кушта шудаанд.

Эътирозҳо дар бисёре аз шаҳрҳо, аз ҷумла дар Теҳрон, пойтахти ин кишвар, ҳамчунин Караҷ, Шероз, Табрез, Кирмон, ҷазираи Кеш, Язд, Нишопур, Исфаҳон ва Машҳад сабт шудаанд. Рӯзҳои охир намоишҳо бештар шуда, мардони зиёде ба онҳо ҳамроҳ шудаанд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дастикам 1200 эътирозгар, аз ҷумла хабарнигорон, фаъолони сиёсӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳо боздошт шудаанд. Илова бар ин, дар пайи ошӯбҳои рӯзҳои ахир 12 филиали бонкҳо тахриб ва 219 банкомат осеб дидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь