Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус воксан задааст. Дар ин бора ОИ «АП» аз қавли сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.
Шарифзода кадом навъи воксан задаани Президентро нагуфтааст, зеро дар ин бора иттилоъ надоштааст.
Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксан: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.
Ҳамчунинм мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксани «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин воксан задаанд. Маълум нест, ки президенти Тоҷикистон яке аз ин воксанҳо задааст, ё воксани вижаи дигаре.
3-юми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон шаҳри Ашхобод шудааст. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карда, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегарданд. Дар назар аст, ки аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.