Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Садир Жапаров, ки дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Қирғизистон пирӯз шуд, барқияи табрикӣ фиристодааст. Дар ин бора вебгоҳи расмии Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома баъд аз табрик гуфтааст, ки натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Жапаров мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст.
«Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон умед мебандам», – омадааст дар барқия.