Дар хабар аст, ки ширкати русии ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” барои анҷом додани парвозҳои мустақим аз Тоҷикистон ба 7 шаҳри Русия иҷоза дарёфт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода изҳор кардааст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо “СомонЭйр”-у “Ютэйр” иҷозаи парвозҳои мустақимро доранд.

ОИ «АП» навишт, ки яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе мактуби дарёфти иҷозаи парвозҳо аз сӯйи ширкати “Уралские авиалинии”-ро гирифтааст, аммо маълум накардаанд, ки ин мактуб аз кадом ниҳод ба онҳо ирсол шудааст.

Маълум шудааст, ки “Уралские авиалинии” як ҳафта ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Самара, Екатеринбург, Уфа ва Қазон якпарвозӣ анҷом медиҳад. Барои мусофирон дигар ниёз нест, ки шаҳрвандии Русияро дошта бошанд, ё барои сафар асос дошта бошанд.

Нархи билетҳои “Уралские авиалинии” назар ба нархи билетҳои парвозҳои мустақими ширкатҳои “СомонЭйр” ва “Ютэйр” ба маротиб гаронтар будааст. Нархи билетҳоро дар хазина чунин гуфтанд: Душанбе – Санкт-Петербург 10 ҳазору 804 сомонӣ, Хуҷанд-Екатеринбург 11 ҳазору 258, Кӯлоб-Екатеринбург 8 ҳазору 422 ва Бохтар 7 ҳазору панҷсад сомонӣ арзиш доранд.

Вебсайти your.tj  бо такя ба манобеи худаш нархи билети парвозҳои ин ширкатро чунин навиштааст:

Душанбе – Маскав – 15642 сомонӣ ($1385)

Душанбе – Санкт-Петербург – 10907 сомонӣ ($970)

Душанбе – Новосибирск – 13230 сомонӣ ($1170)

Душанбе – Самара – 12970 сомонӣ ($1150)

Душанбе – Екатеринбург – 10162 сомонӣ ($900)

Душанбе – Уфа – 10480 сомонӣ ($930)

Душанбе – Қазон – 9298 сомонӣ ($825).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь