Эҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик ва бозингари тими миллии Тоҷикистон, дастаи “Зуб Оҳан”-и Эронро тарк кард. Дар ин бора сомонаи дастаи эронӣ хабар дод ва онро агенти футболбоз Кова Тилавпур тасдиқ кард.

Кова Тилавпур дар сӯҳбат бо farazh.tj гуфт, ки “қарордоди ҳамкорӣ бо розигии тарафайн бекор карда шуд”.

“Ҳоло Эҳсон бозингари озод аст. Аз чанд дастаи кишварҳои Уммон, Ӯзбекистон ва Баҳрайн пешниҳод гирифтем. Таваҷҷӯҳи якчанд дастаи аврупоӣ низ ҳаст. Ҳоло худи бозингар тасмими ҷиддӣ нагирифтааст, ки ба кадом тим гузарад. Мо ҳамаи пешниҳодҳоро аз назар мегузаронем”, – гуфт Кова Тилавпур.

Эҳсони Панҷшанбе моҳи июли соли 2022 аз дастаи “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ба тими “Зуб Оҳан ” пайваста буд. Эҳсон фаъолияти касбии худро аз дастаи “Истиқлол” (Душанбе) оғоз карда, солҳои 2016-2020 дар ин тим ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан ба тими “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон гузашт ва ду мавсим (2020-2022) дар ин тим бозӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь