Рӯзҳои ахир дар қитъаҳои мухталифи марзи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни марзбонон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Мо ба ҳамаи онҳое, ки бевосита осеб дидаанд, изҳори ҳамдардӣ менамоем.
Чунин вазъияти муташанниҷ дар марзи муштарак бар таназзули суботи минтақа меоварад. Иттиҳоди Аврупо аз созиши оташбаси рӯзи ҷумъа истиқбол мекунад. Мо аз ҳар ду тараф даъват мекунем, то иҷрои босамари созиши оташбасро таъмин намуда, барои паст кардани шиддати вазъият ва расидан ба ҳалли устувори ихтилофҳои мавҷуда тамоми қувваро ба харҷ диҳанд.
Тавассути Намояндаи вижаи мо дар Осиёи Марказӣ ва Намояндагиҳо дар ҳарду кишвар Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти ду кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Даъват аз он мекунем, ки ҳама гуна ихтилофот бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.
Иттиҳоди Аврупо бори дигар пешниҳоди кӯмак ва дастгирии устувори сиёсии худро барои таъмини субот ва шукуфоӣ дар минтақа тасдиқ менамояд.