Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳама нафароне, ки дар рӯзи мусибати оилавияш ӯро танҳо нагузоштаву ғамшарики хонаводааш буданд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, гуфтааст, ки «назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам».

Номбурда изҳори сипосашро дар саҳифаи фейсбукияш нашр карда, аз даргоҳи Худованди мутаъол ба ҳама саодатмандию шодкомии рӯзафзун таманно кардааст. То ин замон ба саҳифаи ҷаноби Убайдуллоев дар фейсбук 1300 нафар ворид шуда, 520 кас шарҳ навишта, 109 нафар онро ба саҳифаҳои худашон бознашр  кардаанд. Шарҳи корбарон пурра дуову таманнои хонаи ободи охират ба марҳум аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзигул Каримова, ҳамсари сиёсатмадори тоҷик, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 2-юми июл, бар асари сактаи қалб, дар синни 67-солагӣ аз дунё даргузашт. Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Рузигул Каримова аз ҳамсарӣ се фарзанд – ду писару як духтар ба дунё овардаанд.

Убайдуллоев дар идомаи сипосномааш навиштааст: «Хоҳарону бародарон, дӯстони азизу арҷманд ва гиромиқадр!

Бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост.

Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд.

Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,

Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

(Гулрухсори Сафӣ)

Дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист.

Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь