“Дастрасии қарзӣ барои тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон” мавзуе буд, ки охири ҳафтаи гузашта зимни як мизи гирд дар идораи “Институти Ҷанг ва Сулҳ” (IWPR) дар Душанбе мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Дар мизи гирди мазкур намояндагони Бонки миллӣ Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов, вазорати молия Сиёвуш Бобохонов, “Аввалин бонки молиявии хурд” Бежан Холиқназаров, директори ширкати консалтингии “Инком Консалтинг” Замира Самадова, директори Ташкилоти “Маркази бозори озоди Тоҷикистон”, хатмкардаи мактаби таҳлилии CABAR.asia Азиз Тимуров, ҳамчунин, коршиносони соҳа ва рӯзноманигорони расонаҳои кишвар иштирок доштанд.
Гардонандаи чорабинӣ сармуҳаррири CABAR.asia дар Тоҷикистону Узбекистон Марат Маҳмадшоев нақши қарзро барои оғози тиҷорат муҳим арзёбӣ карда, гуфт, кам нафароне ҳастанд, ки тиҷораташонро бе гирифтани қарз аз бонкҳо шуруъ карда бошанд.
Номбурда гуфт, барои ташкили тиҷорат пайдо кардани қарзҳо бо фоизи каму дастрас ва сареияти гирифтани он дар ҳадди ниҳоии хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ аз муҳимтарин шартҳои қарзгириро барои тиҷорат унвон кард. Ҳамзамон, ӯ аз сару садоҳое ҳам ёдовар шуд, ки гӯё, маҳз фоизи пасти қарзҳо сабаби буҳрони иқтисодии охир дар ҷаҳон гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи бархе аз соҳибкорон, қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон бо фоизи баланди аз 28 то 30 дарсадии солона сабаби муфлисшавии тоҷирон гаштааст.
Ахиран, ба масъалаи додани қарз ва фоизҳои қарзӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дахл кард ва ба Бонки миллии кишвар дастур дод, ки дар ин маврид тамоми чораҳоро биандешанд.
Дар мизи гирд ҳамчунин, суҳбати профессори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ки бо унвони “Муҳити носозгор соҳибкорони тоҷикро ба фирор водор кардааст” дар CABAR.asia ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Умаров бар он назар аст, ки “бахши калони иқтисодиёти Тоҷикистон инҳисор (монополия) карда шудааст ва дақиқан, ҳамин омил боис шудааст, ки дар кишвар як муҳити созгор барои рақобат ташаккул намеёбад”.
Профессор дар суҳбат ба панҷ қадами зарурие ишора кардааст, ки дар ояндаи наздик метавонанд ба тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон ёрӣ расонад:
а) ташкил намудани бонки давлатӣ барои осон гирифтани кредит аз тарафи тиҷорати хурду миёна;
б) кам кардани андоз;
в) тамоман қатъ кардани тафтишот аз тарафи кормандони давлатӣ;
г) қатъ кардани ҳама гуна амру фармоишот аз боло, ки тоҷирон барои сохтани ин ё он чиз пул диҳанд;
д) дастгирии давлат (ёрӣ, субсидия) гурӯҳҳои алоҳидаи КХМ, ки ба инноватсия ва истифодаи бошиддати ашёи хоми маҳаллӣ вобастаанд;
Намояндаи Бонки миллӣ гуфт, соли 2019 аз ҷониби бонкҳои кишвар ба аҳолӣ беш аз 9,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин ҳисоб 7 миллиард сомонӣ барои тиҷорат ба соҳибкорон пешниҳод гардидааст.