Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол» дар меҳмонии Туркманистон ва Қирғизистон дар меҳмонии «Хуҷанд» дар доираи даври дуюми вохӯриҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2019 бозӣ мекунанд.

«Истиқлол», ки дар даври якуми ин мусобиқа дар майдони худ «Хуҷанд»-ро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод, дар ин давр меҳмони дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон мешавад. «Хуҷанд» дар майдони худ бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ мекунад.

Сармураббии «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов дар нишасти пеш аз бозӣ гуфт, ки даста барои ишғоли ҷойи аввал дар ин гуруҳ мубориза мебарад.

Сармурабби «Хуҷанд» Виталий Левченко, ки чанд рӯз пеш ба ин вазифа таъйин шуд, гуфт, ки ҳанӯз бо даста пура ошно нашудааст, аммо бовар дорад, ки бачаҳои соҳибкасб дар даста ҷамъ омадаанд ва имрӯз мухлисонро шод хоҳанд кард.

Бозии «Истиқлол» бо «Олтин Асир» соати 17:00 дар Туркманистон баргузор мегардад. Вохӯрии «Хуҷанд» бо «Дордой» соати 16:00 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» дар Хуҷанд оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь