Клуби «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 дар бозии охирин дарро аз паси худ сахт пӯшид, ки садояш дар тамоми Аморати Араб ба гӯш расид!
Сармураббии даста Виталий Левченко пеш аз оғози ин бозӣ арз карда буд, ки бояд шогирдонаш ба майдон оянду бозии хуб нишон дода, бо пирӯзӣ берун раванд. Шогирдонаш ҳарфи устодро дар замин нагузоштанд ва ҳамин тавр ҳам карданду бо сари боло аз майдон берун рафтанд.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар панҷ бозии аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуда буд, дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» бар бошгоҳи «Шарҷа»-и АМА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳои Эрик Бокум ва Владислав Касминин ба клуби Тоҷикистон пирӯзӣ оварданд.
– Тавре дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ қайд кардам, мо кӯшиш мекунем, ки футболи хуб нишон дода, ният дорем, ки се хол ба даст орем. Мо ба ин ноил шудем! Мо тавонистем футболи боинтизом нишон диҳем ва сазовори ғалаба шудем. Табиист, ки мо бозии харифро хуб таҳлил кардем, медонистем, ки ду бозигари рақиб Кайо ва Бернард дар вохурӣ иштирок карда наметавонанд ва дар асоси ҳамин бозии худро катъан боинтизом ва бо ҳучумҳои тезкори ҷавобӣ ба роҳ мондем. Усули мо кор дод. Мо хеле шодем, ки дар ин набард нақшаҳоямонро дар амал татбиқ кардем, – гуфт Левченко баъд аз бозӣ.
Лигаи чемпионҳои Осиё-2022
Гурӯҳи «А». Даври 6-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шарҷа» (АМА) – 2:0
Голҳо: Эрик Бокум, 14 (1:0). Владислав Касминин, 90+1 (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Владислав Касминин, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Далер Имомназаров, Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 76), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймов, Муҳаммад Исаев (Ислом Зоиров, 82), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 76), Эрик Бокум (Ахтам Назаров, 89).
27 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалӣ ба номи Шоҳ Фаҳд.