Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври ҳаштякфинали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 аз дастаи маъруфи “Персеполис”-и Эрон мағлуб ва аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Бозии дастаҳо 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, дар шоҳидии ҳудуди 18000 мухлис сурат гирифт. Довари бозӣ мутахассиси ҷопонӣ Ҳироюкӣ Кимура буд. Футболбозони «Истиқлол» дар баробари ин ҳарифи ботаҷриба 90 дақиқа истодагарӣ карданд ва чанд ҳолати рахна кардани дарвозаи меҳмонҳоро низ доштанд, аммо муваффақ нашуданд. Дар дақиқаи 90-ум ба Маҳди Туробӣ даст дод, ки дар як ҳолати одӣ дарвозаи Ҳасановро рахна кунад. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 0:1 поён ёфт ва «Пресеполис» ба даври чорякфинал рафту «Истиқлол» ширкаташро дар Лигаи чемпионҳо дар ин марҳила хотима дод.
Гуфтан зарур аст, ки “Истиқлол” бори аввал дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат ва дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳунари хуб нишон дода, дастаҳои беҳтарини футболи қораро шигифтзада карда, ба марҳилаи ҳашяткфинал роҳ ёфта буд.