Дунёгир шудани коронавирус боис гардид, ки фаъолияти бозорҳо ва нуқтаҳои савдо қатъ гарданд. Дар робита ба ин моликони ширкатҳо ва соҳибкорони кишварҳои хориҷа тавассути интернет ба фурӯши молу маҳсулот гузаштанд.

Ба суоли хабарнигори Farazh.tj, дар масъалаи он, ки оё Тоҷикистон низ аз ин таҷриба истифода кард, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода чунин посух дод:

“Қаблан низ таваҷҷуҳи соҳибкорон ба фурӯши онлайнӣ зиёд буд. Хуруҷи бемории коронавирус ин равандро суръат бахшид. Дар Тоҷикистон низ то андозае соҳибкорон аз ин таҷриба истифода мекунанд, вале дар ин самт ҳанӯз онҳо таҷриба ва дониши кофӣ надоранд. Соҳибкорони мо бартариятҳои фурӯши электрониро намедонанд”.

Инчунин, мавсуф зикр кард, ки барои бо омӯзонидани тиҷорати электронӣ давоми моҳҳои март-июли соли равон 20 вебинари тиҷоратии онлайнӣ гузаронида шуд.

– Ҳангоми маҳдуд кардани гаштугузори сокинон ва қатъи фаъолияти ошхонаҳо соҳибони онҳо дар якҷоягӣ бо фурӯшандаҳои дорухонаҳо аз тиҷоратӣ электронӣ васеъ истифода буда, манфиат низ ба даст оварданд, – гуфт раиси Палатаи савдо. – Мо дар оянда кӯшиш дорем, ки Шӯрои элктрониро ташкил кунем ва дар ҳайати он тоҷирон ва коршиносонро ворид кунем.

– Дар ҳамин замина, мехоҳем ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электрониро пешниҳод кунем, – таъкид намуд Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь