акс аз интернет
Маркази матбуотии қушунҳои сарҳадии КДАМ вазъият дар марзро шарҳ доданд. Дар ин бора “Ховар” бо такя ба маркази матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад. Ба гуфтаи маркази матбуотm санаи 27-уми январ тақрибан соатҳои 17:20 тақрибан 50 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар болои пули наздикии Хоҷаи Аъло автомашниаи шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд.
Мувофиқи маълумоти маркази матбуотm барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳои ғайрқонунӣ дар назар буд вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Аммо ҷониби Қирғизистон ҳозир нашудааст ба вохӯрӣ биёяд. Баръакси он марзбонони Қирғизистон тақрибан соатҳои 18:10 ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушодаанд.
Аз ҷониби Қирғизистон суръати тирборон афзоиш ёфта, ҷониби Тоҷикистон дар байни сарҳадбонон ва сокинони осоиштаи маҳаллӣ талафот дидааст.
Маркази матбуотӣ инчунин аз ҷониби Қирғизистон ба манотиқи марзӣ наздик оварда шудани техникаҳои гуногун ва бо миномётҳо тирборон шудани дидибонгоҳҳои наздисарҳадӣ ва мавриди ҳамлаи тирборон қарор гирифтани иншоотҳои гуногуни Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистонро таъкид кардааст.
“Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейки дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад” – омадааст дар баёнияи маркази матбуотии қушунҳои сарҳадии КДАМ.