Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи дар пеши чашми раҳгузарон ба қатли ҳамсар даст задани як сокини шаҳри Истаравшанро шарҳ дод.

Марди 56-солаи сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан 2-юми октябри соли 2017, тахминан соати 11:00, ба ҷойи кори собиқ ҳамсараш, зани 40-сола, соҳибкор, ба кӯчаи Умарови шаҳри мазкур омада, аз сабаби ҳиссиёти рашк, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 19-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.  Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ин мард, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь