Имрӯз дар ноҳияи Кушониён вилояти Хатлон Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳия Вализода Икромиддин ва дигар меҳмонон баргузор гашт.
Дар ин рӯз бо иштироки сарвазир дар ноҳия Корхонаи коркарди равған, муассисаи таълимӣ, Маҷмааи парчаму нишон ва дигар иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуданд, ки даҳҳо сокин бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамчунин, барои сокинони ноҳия ва дигар меҳмонон дар як дег якуним тонна оши палав ва дигар таомҳои Наврӯзӣ омода гашта буд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Блоки рекламавӣ