Аз 21-ум то 30-юми январи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон барои аввалин бор Чемпионати бокси Осиё байни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад. Бино ба иттилоъи Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқот дастаи мунтахаби бокси кишвар дар ҳайати 19 нафар (14 мард ва 5 зан) сафарбар гардидаанд.

Варзишгарон тоҷикро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов ва Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд. Инчунин, дар ин мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев низ барои ҳакамии муҳорибаҳо даъват шудааст.

Дар ин мусобиқа дар умум варзишгарони 16 кишвар иштирок мекунанд, ки муштзанони Узбекистон, Тайланд, Ҷопон, Филиппин, Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия аз довталабони асосӣ барои ба даст овардани медалҳо ҳастанд. Муҳорибаҳо байни занон дар 12 вазн – аз 48кг то +81кг ва дар миёни мардон дар 13 вазн – аз -48кг то +92кг гузаронида мешаванд.

Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки маросими кушодашавии мусобиқа рӯзи 21-уми январ пас аз санҷиши дархостҳои иштирок, ҷаласаи техникӣ ва қуръакашии расмӣ доир мешавад. Рӯзи аввали мусобиқа 22-юми январ ва марҳилаи финалӣ дар ду рӯз – 28-ум ва 29-уми январ ба нақша гирифта шудааст.

Таркиби дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон:

48кг – Усмонҷон Мирзоев

51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода

54кг – Искандарбек Рустамов

57кг – Хусравхон Раҳимов

60кг – Абдураҳмон Ёқубов

63,5кг – Файзалӣ Ғуломов

67кг – Расул Аҳадов

71кг – Хуршед Усвалиев

75кг – Абдумалик Болтаев

80кг – Некрӯз Салимов

86кг – Шаҳбоз Ҳайитов

92кг – Баҳман Расулов, Давлат Болтаев

+92кг – Муҳаммад Аброриддинов

48кг – Сумайя Қосимова

50кг – Руҳафзо Ҳақназарова

52кг – Ҳусния Холова

60кг – Умедахон Зокирова

63кг – Малика Нозимова

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь