Як мард баъди он, ки хушдоманашро ба қатл расонду ҳамсарашро захмӣ кард, худро ба дасти қонун супоридааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хубар дод.

Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри мазкур бо аризаи худиқроркунӣ ҳозир шудааст. Ин мард иқрор шудааст, ки рӯзи 4-уми декабри соли 2019, тахминан соати 14:00, дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола) даъво кардааст ва дар арфти ин муноқиша бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ба узвҳои бадани хушдоманаш ва 4 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш (зани 23-сола), задааст.

Дар натиҷа, хушдоманаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь