Имрӯз мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Конференсия таҳти унвони “Нақши занон ва бонувон дар пешрафти даврони истиқлоли давлатӣ” ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Конфренсия роҳбарони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, занони касбу кори гуногун, модарони фарзандонашон дар хизмати ҳарбӣ буда, собиқадорони меҳнат, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, омӯзгорону табибон, ҷавондухтарон ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Дар Конфренсия мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Асламӣ Фараҳноз, собиқадори меҳнат дар соҳаи тандурустӣ Бобоева Гулрабо, сардори раёсати маорифи шаҳр Атохонзода Ҳакима, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 Абдуманононова Шаҳло, корманди бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Негматуллаева Ибодат ва ходими намоёни давлатию сиёсӣ Гулафзо Савриддинова маъруза карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь