Сарпарасти Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» филиали ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Пирезиденти кишвар ҳамовозӣ карда, дар баробари иҷрои рисолати ба зиммааш вогузоршуда фаъолияти хайриявиашро низ густариш бахшидааст.

Дар робита ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби «IRS» ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»  туҳфа шудани микроавтобуси тамғаи “Damas” ва қолини зиёд идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Дар ин бора Чеҳрагул Қосимова, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»  иттилоъ дод.

Кормандони Ширкат дар тантанаҳои таҷлили дилхоҳ ҷашн, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб доир мегардад, иштирок менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҳамеша ба муборакбодӣ ва аёдати бошандагони ин муассиса бо дастовез, ки тибқи дархости масъулини ин марказ харидорӣ шудааст, меоянд. Зикр намудан бамаврид аст, ки иқдоми мазкур аввалин ва охирин набуда, Ширкат онро муттасил идома дода истодааст. Аслан роҳбарияти филиали Ширкат барои дар ин маврид ҳарф задан ҳавасманд нест. Онҳо муътақиданд, ки хайру саховат набояд василаи худнамоӣ бошад.

Танҳо ба хотири огоҳии ҷомеа ва ботил намудани сафсатаҳои як «идда» бобати танхо ба пулчинӣ машғул будани филиали Ширкат овардани чанд далелро, ки «муште аз хирвор аст», бамаврид медонем. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт. Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд.

Ҳамрадиф бо ин иқдомот «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хӯрока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.

Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.

Илова бар ин, дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь