Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бо як сафари корӣ вориди Бишкек шуд. Ӯро президенти Қирғизистон Садир Ҷаборов ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсатиҷумҳури Қирғизистон иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки Абдулазиз Комилов паёми президент Шавкат Мирзиёевро ба Садир Ҷаборов тақдим кард. Дар ҷараёни дидору мулоқот ҷонибҳо тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисодӣ, фарҳангиву башардӯстона ва амсоли он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Қирғизистон Садир Ҷаборов ва Абдулазиз Комилов масъалаҳои таҳкими минбаъдаи фазои амният, субот ва ҳамсоягии нек баррасӣ карданд, ки солҳои охир дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадаанд.
Мавҷудияти имкониятҳои васеъ барои ташаккули системаи долонҳои нақлиётӣ, ки дастрасии кӯтоҳтаринро ба бандарҳои баҳрӣ ва бозорҳои нави хориҷӣ фароҳам меоваранд, дар ин мулоқот матраҳ шуданд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки пиёда намудани ин корҳо ба тақвияти тиҷорати байниминтақавӣ, афзоиши гардиши молву маводи тронзитӣ ва коҳиш ёфтани арзиши интиқоли ашё хеле мусоидат хоҳад кард.
Дар ин мулоқот масъалаҳои дигаре низ баррасӣ шудаанд, ки манфиатҳои тарафайнро ҳимоя мекунанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд