Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Қамчибек Ташиев бо чунин даъват ба занони кишвар муроҷиат кардааст. Вай кайд кардааст, ки ин барои тақвияти амнияти давлатӣ зарур аст.

«Мо бояд фарзандони зиёд дошта бошем. Ба ин бояд занҳо ва келинҳои ҷавон таваҷҷуҳ кунанд. Тақвияти амнияти давлатӣ бевосита ба шумораи аҳолӣ вобаста аст. Агар шумораи аҳолӣ зиёд нашавад, таъмини амният кори душвор мегардад. Ҳоло дар ҷаҳон дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ мепайвандад ва давлатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати аҳолӣ аз мо пеш гузаштаанд», – таъкид кард Ташиев.

Ба гуфтаи вай, давлат омода аст, аз тадбирҳои афзоиши мизони таваллуд пуштибонӣ кунад. Ташиев аз ҷумлаи имтиёзҳои иловагӣ нақшаи ҷорӣ кардани сармояи модарӣ барои оилаҳои муқими баландкӯҳи Қирғизистонро зикр кард.

Ҳамин тариқ, барои таваллуди кӯдаки чорум 100 ҳазор сом (1165,50 доллар), барои панҷум – 600 ҳазор сом (6993,04 доллар), барои ҳафтум – 1 миллион сом (11655 доллар) пешбинӣ шудааст. Барои кӯдакони ҳаштум ва нӯҳум 1,5 миллион сом (17 ҳазору 483 доллар) ва барои даҳум – 2 миллион сом (қариб 24 ҳазор доллар) пардохт пешбинӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҷамъияти Қирғизистон ҳудуди 7 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь