Дар муноқиашаи марзӣ дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи Исфара аз тарафи Қирғизистон ба тарафи мардуми бесилоҳи Тоҷикистон бо камони шикорӣ тир холӣ кардаанд, ки ду нафар захмӣ ва ба бемористон интиқол дода шудаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ.

29 апрели соли 2021, соати 10:45, зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор кардаанд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.

Муноқишаи мазкур 28  апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь