Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар арафаи интихоботи қарибулвуқуъи президентии ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор дода мешаванд, аз ин рӯ, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд эҳтиёткор бошанд, кӯшиш кунанд, то диққат ҷалб накунанд ва ҳуҷҷатҳояшонро бо худ бигардонанд.
Интихобот президентии Русия 18-уми марти соли равон баргузор хоҳад гашт. Рӯзи интихобот ва инчунин 2 рӯз қаблу як рӯз пас аз он зертобеъҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳама минтақаҳо, махсусан дар шаҳри Москва, дар ҳолати шадиди омодабош қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар ин муддат бо мақсади амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ намояндагони полис сафарбар хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи ҳамаи биноҳои ҳавазаҳои овоздиҳӣ полисҳо фаъолият мебаранд ва аз таҷҳизоти ҷустуҷӯи оҳан (металлодетектор) истифода бурда мешавад.
То 8-уми март ҳамаи қитъаҳои овоздиҳӣ шадидан тафтиш шуда, пас аз тафтиш то оғози овоздиҳӣ ин маконҳо муҳр зада мешаванд.
Мақомот ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки дар рафти ҳолати омодабоши шадид, полис дар ҳама ҳолат метавонад шуморо барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздорад, нақлиётатонро манъ кунаду кофтукоб намояд.
«Шумо бояд санаи омадан ва суроғаи манзили дар қайд будаатонро азёд донед. Ин натанҳо ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои хориҷӣ, балки ба шаҳрвандони Русия ҳам тааллуқ дорад», – омадааст дар муроҷиати мақомот ба шаҳрвандон ва бошандагони муваққатии Русия.