Президенти Узбекистон дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба ҷиноятҳо ва боздошти ҷинояткорон дар ин кишвар гуфт, ки ҷиноят ва худкушӣ дар байни ҷавонони Узбекистон, ба хусус дар водии Фарғона афзоиш ёфтааст.
Вай бо интиқод аз амалкарди созмонҳои бо ин гуна ҷиноятҳо рабтдошта афзуд: «Дар ин маврид сӯҳбат зиёд ва амалкард бисёр заиф аст, кормандони созмонҳои амниятӣ фақат дар нишастҳо ширкат мекунанд ва фаъолите дар заминаи коҳиши ҷиноятҳо ва худкуши кӯдакону навҷавонон анҷом намедиҳанд».
Мирзиёев таъкид кард, ки тайи 7 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар байни ҷавонон ин водӣ (Фарғона-ред.) 129 мавриди ҷиноят ва 24 мавриди худкушӣ иттифоқ афтодааст.
Президент бо хитоб ба кормандон созмонҳои амниятӣ гуфт: «Ба кӯдакон ба таври махфӣ улуми динӣ омӯзиш медиҳанд, ки ба ин гуна нишастҳо ҳеҷ назорате аз сӯи марказҳои динии кишвар сурат намегирад».
Президенти Узбекистон дар поёни нишаст ба созмонҳо ва мақомоти марбута барои шиддат додани фаъолият дар ин замина дастурҳои лозим дод.