Боронҳои мавсимӣ дар шимоли Ҳинд боиси фаромадани ярч ва обхезӣ шуд, ки дастикам 22 нафар кушта шуданд. Ба навиштаи The Guardian, дар панҷ иёлат марг аз ин офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Ҳимачал-Прадеш обхезӣ боиси фурӯ рехтани пул шуд ва чанд ҳавлиии қадимаро шуста бурд. Барои наҷоти одамон чархболҳо истифода шуданд. Шаби ҳодиса мақомоти давлатӣ аз мардум хостаанд, ки хонаҳои худро тарк накунанд, зеро дар 24 соати оянда боришоти бештар интизор аст. Коршиносон қайд мекунанд, ки дар аксари минтақаҳои иёлат дар рӯзҳои истироҳат боронгарӣ буд.

Кӯчаҳо дар бисёре аз иёлатҳои шимолӣ зери об монданд, наҷотдиҳандагон барои наҷот одамоне, ки дар хонаҳояшон монда буданд, аз заврақҳои резинӣ истифода карданд.

Дар пойтахти ин кишвар Деҳлӣ ба далели бад будани ҳаво мактабҳо баста шудаанд. Баъзе роҳҳои шаҳр то зону зери об буданд. Дар иншаҳр 153 мм борон рехтааст, ки дар соли 40 охир ин сербориштарин рӯз будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь