Ҳукумати Афғонистон 3-юми ноябрро дар робита ба ҳамлаи ҷангиён ба донишгоҳе дар Кобул, ки ҳадди ақалл 19 нафар куштаву 22 нафар маҷрӯҳ шуданд, рӯзи мотам эълон кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News хабар додааст.
“Мо ба ҳама гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ба Толибон, паёми возеҳе мефиристем, ки чунин амалҳои террористӣ ва ваҳшоният ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба азми мардуми бузурги афғон барои бунёди сулҳу субот ва шукуфоии Афғонистон халал расонанд”, гуфтааст президент Ашраф Ғанӣ.
Вай ваъда додааст, ки “барои ҳар як қатраи хуни рехташудаи донишҷӯёни бегуноҳ” интиқом мегирад.
Ҳамла ба Донишгоҳи Кобул субҳи 2-юми ноябр сурат гирифт. Гурӯҳи ҷангиён ба факултети ҳуқуқшиносӣ ворид шуда, дар он ҷо ба тирпарронӣ ва таркиш шурӯъ карданд. Се террорист нест карда шуданд.