Рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ чор сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро, ки дар даргириҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз тири душман ҷон бохта буданд, дар зодгоҳашон ноҳияи Вахш ба хок супориданд.
Маросими видоъ ба сарбозоне, ки дар ҳимояи марзу буми кишвар ҷон бохтанд, рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор гашт.
Як манбаъ аз ноҳияи Вахш хабар дод, ки дар маросими видоъи сарбозони ҳалокшуда дар даргириҳои марзӣ роҳбарони аввали ноҳия ва вилоят иштирок карда, ба оилаи онҳо изҳори таслият карданд ва гуфтанд, ки қаҳрамонони ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд.
Блоки рекламавӣ