Маротибаи охир моҳи феврали соли гузашта қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ қабул шуда буд, ки дар он 108 тағйир ворид гардид. Ин маротибаи охирон иваз шудани имло аст, ё оянда боз дар назар аст, ки ин қоидаҳо нав шаванд? Ба ин суол зимни нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳот, ки имрӯбаргузор шуд, раиси кумитаи мазкур Муҳаммадҷонзода Обидҷон посух гуфт.

– Зиндагӣ ҳарруз пеш меравад, забон ҳам ҳамин тавр аст.  Он тағйиротҳо он дигаргуниҳое, ки дар ҷомеа мешавад, ҳатман дар забон таҷассум меёбанд. Қоидаҳои имло низ як бахши забон мебошад. Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, агар таҷрибаҳои ҷаҳонии кишварҳои пешрафтаро гирем. Ҳар даҳ-бист сол дар қоидаҳои имлоашон тағйирот ворид мекунанд. Ин вобаста ба шароит ва пешрафти ҷомеа аст, – гуфт Муҳаммадҷонзода.

Ӯ иқайд кард, ки шояд дар яонда дар мо низ бо гузашти солҳо қоидаҳои имло аз нав қабул шаванд. “Мумкин дар оянда баъди панҷ, ё даҳ сол, дар мо низ ягон тағйирот ворид шавад”, – таъкид кард раиси Кумитаи забон.

Ин маротибаи чоррум аст, ки дар Тоҷикистон давоми 30 соли охир ба қоидаҳои имлоӣ забони тоҷикӣ тағйирот ворид карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь