Президенти навинтихобшудаи ИМА Доналд Трамп раиси Пентагон ва мудири Созмони иттилооти Амрико (CIA) дар маъмурияти навро пешбарӣ кард ва тоҷирон Илон Маску Вивек Рамасвамиро ба раҳбарии Департаменти нави самаранокии ҳукумат пешниҳод кард.
Вазири нави дифои ИМА собиқадори артиши ИМА ва мучрии телевизиони Fox News Пит Ҳегсет хоҳад буд ва Созмони иттилооти Амрикоро раҳбари собиқи истихбороти миллӣ Ҷон Рэтклиффро ба уҳда хоҳад дошт.
Таъиноти Ҳегсет яке аз муҳимтарин мавридҳост, аммо барои бисёриҳо ин ногаҳонӣ буд, менависанд расонаҳои амрикоӣ.
Дар қиёс бо бисёре аз номзадҳои дигар, ки Трамп ба мансабҳои баланд дар маъмурияти худ пешниҳод кардааст, ӯ дар рӯзҳои охир бо Ҳегсет дар Мар-а-Лаго мулоқот накардааст, мегуяд манбаъҳои CNN.
Трамп тоҷир Илон Маск ва номзади собиқи президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Вивек Рамасвамиро даъват кард, ки ҳамроҳ ба Департаменти нави самаранокии ҳукумати ИМА (Dogecoin – DOGE) раҳбарӣ кунанд.
Мухаффафи шуъбаи нав, DOGE, истинод ба номи арзи диҷитол (криптовалют) Dogecoin аст, ки Илон Маск ҷонибдори он аст, пешбарӣ шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки сохтори нав чӣ гуна шакл мегирад. Инчунин маълум шудааст, ки Маск ва Рамасвамӣ ин корро то моҳи июли соли 2026 анҷом медиҳанд. Ҳанӯз маълум нест, ки муҳлати онҳо пас аз ин ба охир мерасад, ё на.