Дар ИМА аз оғози дунёгир шудани коронавирус тақрибан 300 ҳазор нафар вафот кардаанд. Ин нишондиҳанда аз талафоти кишвар дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баландтар шудааст. Дар ин бора NBC News хабар додааст.

Тибқи омори ҷорӣ, дар рафти паҳншавии беморӣ дар ИМА зиёда аз 16 миллион нафар гирифтори беморӣ шуда, 299,7 ҳазор беморон аз дунё гузаштаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои собиқадорон, дар солҳои ҶДҶ зиёда аз 291,5 нафар корманди ҳарбӣ кушта шудаанд. Дар баробари ин, тақрибан 114 нафар шаҳрвандон низ дар ҷанг фавтидаанд.

Як рӯз пеш дар ИМА 3011 нафар аз коронавирус фавтиданд, ки ин рақам аз оғози сироят дар кишвар “рекорд”-и нав ҳисобида мешавад.

Пештар кумитаи профилии Маъмурияти хӯрокворӣ ва доруворӣ (FDA) истифодаи воксинеро, ки аз ҷониби ширкатҳои бузурги BioNTech ва Pfizer истеҳсол карда шуд, тасдиқ кард. Бино ба гуфти президенти нави кишвар Ҷо Байден, ин қарор “шуои дурахшони нур дар торикӣ” хоҳад буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь