Доналд Трамп 47-умин президенти Иёлоти Муттаҳида мешавад, менависад FOX News.
Тибқи пешгӯии онҳо, ӯ 277 раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаааст, ки ин пирӯзии ӯро дар интихобот таъмин мекунад. Камала Харрис 226 овоз дорад.
«Доналд Трамп 47-умин президенти интихобшудаи Иёлоти Муттаҳида шуд», менависад Reuters бо истинод ба раиси палатаи намояндагон Майк Ҷонсон.
Ситоди номзади ҷумҳурихоҳ гуфт, ки онҳо интизор набуданд, ки ӯ дар ҷараёни интихобот ба чунин натиҷаҳои муваффақ ноил шавад, хабар медиҳад CNN.
Худи Трамп ҳангоми суҳбат бо тарафдоронаш дар Флорида пирӯзии худро дар интихоботи президентии ИМА эълон кард. Вай ваъда дод, ки раҳбарии ӯ дар таърихи кишвар “давраи воқеан тилоӣ” хоҳад буд.
Блоки рекламавӣ