Бино ба гузориши вазорати молияи ИМА, мақомоти Амрико алайҳи вазоратҳои дифоъ ва энергетикаи Туркия чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд. Вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ ва энергетика низ таҳти таҳримоти Амрико қарор гирифтанд.
Вазири дифои Туркия Ҳулусӣ Анқара, вазири корҳои дохилӣ Сулаймон Сойлу ва вазири энержӣ Фатиҳ Донмез ба рӯйхати таҳримҳо шомил карда шудаанд. Дороиҳои ин вазоратҳо ва вазирон дар Иёлоти Муттаҳида баста шудааст, ба шаҳрвандони Амрико тиҷорат бо онҳо манъ аст.
Ғайр аз он, Вазорати молияи ИМА ҳушдор медиҳад, ки “нафарони алоҳида, ки бо шахсони дар рӯйхатбуда муомилот мекунанд, ҷазо мегиранд.”
Гуфта мешавад, ки чораҳои маҳдудкунанда набояд ба кори СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Туркия халал расонанд. Инчунин, ИМА ба воситаи таҳримот ба амалиёти башардӯстонаи Туркия дар Сурия монеъ намешавад. Илова бар ин, чораҳои маҳдудкунанда тавре иҷро карда мешаванд, ки Анқара имконияти гирифтани захираҳои зарурии энергетикӣ дорад.
Тадбирҳои маҳдудкунанда вокуниши Вашингтон вобаста ба амалиёти низомии Анқара бар зидди курдҳо дар шимолу шарқи Сурия буд.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки дар асоси он Департаменти давлатии ИМА ва Вазорати молия барои Туркия таҳримот ҷорӣ мекунад.
9 октябр қувваҳои мусаллаҳи Туркия барои сарнагун кардани ҷангҷӯёни курд аз манотиқи марзӣ, дар шимолу шарқи Сурия амалиёти «Чашмаи сулҳ»-ро оғоз карданд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ба ин амалиёт зид баромаданд.