Дар Калифорния аз суиқасди сеюм ба ҷони президенти пешини ИМА ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ҷилавгирӣ шуд, хабар медиҳад The ​​New York Post.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ёвари шерифи округи Риверсайд Чад Бианко дар як гузаргоҳ дар берун аз макони намоиши интихоботии Трамп Вем Миллери 49-соларо боздошт кард. Дар мошин ӯ як туфанг, таппончаи пурбор ва тирдони пур аз тир пайдо карданд. Ӯ бидуни муқовимат ба маъмурони интизомӣ боздошт шудааст.

“Шояд мо як сӯиқасди дигарро пешгирӣ кардем”, гуфт Бианко. Вай афзуд, ки гумонбар узви гуруҳи ростгарои зиддиҳукуматӣ аст ва ҳангоми кофтуков ба муовинони шериф билетҳои қалбакӣ барои сафар ба маконе, ки Трамп суханронӣ мекард, нишон додааст.

“Ман ҳунарпеша ҳастам, ман охирин шахсе ҳастам, ки метавонад ҳар гуна зӯроварӣ кунад, ё зарар расонад”, гуфтааст худи Миллер.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ABC News, боздоштшуда эҳтимол тарафдори раисиҷумҳури собиқ аст ва алайҳи ӯ ҳеҷ таҳдиде накардааст.

Аввалин суиқасд ба ҷони Трамп рӯзи 13-уми июл дар ҷараёни як тазоҳуроти пешазинтихоботӣ дар Пенсилвания рух дод, ки дар он миллиардер аз гӯшаш захм бардошта, як тамошобин кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Суиқасдгар аз байн бурда шуд. Кӯшиши дуввуми куштор рӯзи 15-уми сентябр дар клуби голфии ӯ дар Флорида рух дод, ки ҳамлагариар паси буттаҳо пинҳоншуда, боздошт шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь