Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ятимони шаҳри Душанбе ёрии пулӣ муқаррар намояд.
Миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб аз 5-уми ноябри соли 2018 дар бораи сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Тибқи созишномаи мазкур, барои ҳар нафар ятим дар як моҳ дастрас кардани 180 дирҳами АМА (бо назардошти қурби асъори миллӣ 462 сомонӣ) ёрии пулӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бино ба иттилои котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Қурбониён Баҳодур, ҳамзамон, мутобиқи созишнома барои ҳар як ятим ва ё парастори ӯ дар бонк суратҳисоби алоҳида кушода шуда, интиқоли маблағ ба суратҳисоби ятимон тавассути ташкилоти бонкӣ амалӣ карда мешавад.
Вобаста ба ин, ҷамъияти мазкур тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввали татбиқи созишномаи зикргардида ятимони шаҳри Душанберо, ки таҳти парастории хешовандон қарор доранд, фаро гирифта, барои ятимони шаҳри Душанбе ёрии пулӣ муқаррар намояд.
Ба иттилои манбаъ, оғози фаъолияти барномаи мазкур дар Тоҷикистон пас аз баррасӣ ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятимон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Нури Саид