9-уми декабри соли равон дар шаҳраки Қаратоғи шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи катиба, ки ба хотири иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шудааст, баргузор гардидид. Чорабинӣ бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз гузашт.

Дар катиба номи 571 нафар иштирокчии ҶБВ, ки аз шаҳраки Қаратоғ буданд ва 234 нафарашон дар ҷанг фавтиданд, ҳакокӣ шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз шаҳри Турсунзода зиёда аз 5 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок карда, 2200 нафарашон баъди мағлубшавии душман ба Ватан баргаштаанд.

Барои сохтани чунин катиба кормандони МТМУ №12 кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Бо кумаки фаъолони дастаҳои таълимӣ ва талабагони мактаб номҳои қаҳрамонони ҷангро барқарор кардаанд.

Сокинони деҳа, соҳибкорон, инчунин ширкати ТАЛКО, сафорати Русия ва пойгоҳи низомиии 201 барои абадӣ гардонидани номи қаҳрамонон тақрибан 140 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Сафири Русия аз дидани чунин амал изҳори хушнудӣ карда, ба кори ташаббускорони чорабинӣ баҳои баланд дод. Ӯ қайд кард, ки муҷассама бо шарофати худшиносии сокинони шаҳрак ба вуҷуд омадааст ва ин амал дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон муҳим мебошад. “Инҷо метавон дарси таърихро баргузор кард. Муҳим он аст, ки кӯдакон дар бораи шахсоне, ки барои ватанашон ҷон дода буданд, донанд”, – афзуд ӯ.

Ҳозирин барои поси хотири онҳое, ки дар ҶБВ шаҳид шудаанд, бо як дақиқаи сукут эҳтиром зоҳир карда, дар назди катиба гул гузоштанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз шахсонеро, ки муҷассамаро сохтаанд, бо ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонид. Дар баробари ин, аз ҷониби сафорати Русия шаҳрак ҳамчун шаҳри шуҳрати ҳарбӣ ва меҳнатидошта қайд карда шуд.

Сипас талабагони мактаби №12 ва 98, гимназияи №2 барномаи ҳунарӣ намоиш дода, чорабинӣ баъд аз сароида шудани суруди “Рӯзи Ғалаба” ва гирифтани аксҳои хотиравӣ хотима ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь