Дирӯз, 20 сентябр, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздид аз ноҳияи Сангвор, дар идомаи сафари корӣ, ба ноҳияи Нуробод рафт.
Президент нахуст дар ноҳияи Нуробод корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин корхона 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар оянда «Мурғи Нуробод» имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол ва дар як сол то 9 миллион дона тухми мурғро ба фурӯш барорад.
Сипас, Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нурободро ба истифода дод. Бино аз се ошёна иборат буда, дар он утоқҳои барҳаво ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, шаш утоқи корӣ бо назардошти тамоми имконот ва дигар иншооти ёрирасон низ дар бинои нав сохта шудаанд.
Дар идома, сарвари давлат шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, ба истифода дод. Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маржа” анҷом дода шудааст. Бино дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман густурдааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар шаҳраки Дарбанд ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшид. Ҳамчунин, аз рӯйи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бо баландии 10 метр қомат афрохтаааст, парда бардошта шуд.
Дар идома президент аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ин ноҳия дидан кард.