«Хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ: сафари якҷоя ба сӯи муваффақият”. Бо чунин унвон 28-уми феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон конференсия доир гардид, ки он беш аз 130 роҳбари муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои технологӣ ва корхонаҳои технологии молиявии Осиёи Марказиро ба ҳам овард.

Ин конференсия аз ҷониби IFC (Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ), ки аъзои Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, баргузор карда шуд ба хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, аз ҷумла пули электронӣ, фаъолияти бонкӣ тавассути интернет ва фаъолияи бонкии мобилӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд.

Дар ин бора масъули Корпоратсияи Байналмиллалии молиявӣ Зебо Наҷмиддинова аз шаҳри Алмаато ба farazh.tj хабар дод.

Ба гуфтаи номбурда, чорабинӣ як майдонеро барои муҳокима ва баррасии навгониҳо, мушкилот ва имкониятҳо дар бахши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ пешниҳод намуд.

– Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба аксарияти аҳолӣ ва намояндагони тиҷорати хурд низоми расмии молиявӣ дастрас нест, зеро одатан, онҳо аз муассисаҳои молиявӣ дур истиқомат мекунанд. Зимнан, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ калиди дастгирии ҳама сокинони минтақа, бахусус Тоҷикистон барои гузаронидани пардохтҳо, кушодани суратҳисобҳои амонатии бонкӣ ва кафолати қарзҳо мебошад,-зикр кард мутахассис.

Ҳамчунин, дар ин конференсия зикр шуд, ки давоми чанд соли наздик афзоиши талабот барои хизматрасониҳои рақамӣ пешгӯӣ шудааст. Тибқи ин пешгӯиҳо, бо паст шудани арзиши смартфонҳо, дар соли 2020 ҳудуди 60 дарсади аҳолии кишварҳои рӯ ба рушд ба воситаи телефонҳои мобилии худ ба шабакаи интернет дастрасӣ меёбанд. Ин дар ҳолест, ба гуфтаи коршиносони соҳа ин меъёр дар соли 2015-ум 44 дарсадро ташкил додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь