Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон ба зимистони солҳои 2020-2021 омода буда, ба қадри зарурӣ маводи зидди лағжиш захира кардааст.
Сардори муассисаи мазкур Раҷабалӣ Муродов гуфт, ки ҳоло дар анбори муассиса 1 ҳазору 100 метри мукааб қуми техникӣ, 70 тонна намак, се тонна ангишт, 6 куб ҳезум, 3 тонна сӯзишвории дизелӣ, барои коргарон 20 ҷуфтлибосу пояфзоли зимистона ва ғизо харидаву захира карда шудааст.
“Барои тоза кардани роҳу ағбаҳо аз барф ва таъмири онҳо 8 техника омода мебошанд. Дар ихтиёри муассиса нигоҳубини ду ағба – “Чормағзак” ва “Султонобод” буда, дируз дар онҳо барф то 15 сантиметр борида буд, ки саривақт ағбаҳо аз барф тоза шуда, як лаҳза низ рафту омади нақлиёт қатъ нашуд”, – илова кард ӯ.
Блоки рекламавӣ