Имсол дар Тоҷикистон намози ид рӯзи душанбеи 2-юми май, соати 6-и субҳ хонда мешавад ва Фитр низ дар ҳамин рӯз таҷлил мешавад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, имрӯз, 27-уми апрел, дар як нишасти худ тасмим гирифтааст.
Ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Афшини Муқим, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадор шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб кунанд.
Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.