Дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Қибрис сиёсатмадори муҳофизакор Никос Христодулидис бар Андреас Маврояннис, ки аз ҷониби нерӯҳои чапгаро пуштибонӣ мешавад, пирӯз шуд.

Собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қибрис Никос Христодулидис дар даври дуюми интихоботи президентии рӯзи якшанбеи 12-уми феврал пирӯз шуд. Баъди шумориши 99,5 дарсади баргаҳои раъй Кристодулидис 52 дарсади ороро ба даст овард. Рақиби ӯ, собиқ намояндаи доимии Қибрис дар СММ Андреас Маврояннис 48 дарсали ороро ба даст оварда, шикасташро эътироф кард.

Дар Қибрис, ки аз соли 2004 узви Иттиҳодияи Аврупо аст, президент бо раъйи мардум интихоб мешавад. Ӯ ҳукумати кишварро ташкил ва сарварӣ мекунад. Президент барои панҷ сол интихоб мешавад. Сарвари кунунии давлат Никос Анастасиадис аз соли 2013 дар ин мақом аст. Тибқи қонунҳои маҳаллӣ, ӯ наметавонад барои давраи сеюм дубора интихоб шавад.

Дар интихобот танҳо юнониёни Қибрис, тақрибан 560 ҳазор нафар, метавонистанд ширкат кунанд. Сокинони кишвари эътирофнашудаи Қибриси Шимолӣ (ҷониби Туркия) дар интихобот ширкат накарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь