Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки сарвазири кишвар ва раиси вилоят се муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд.
Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки ӯ 3 муассисаи нави таълимӣ ва як ошхонаи замонавӣ дар назди мактаби рақами 20 мавриди истифода қарор дода шуд.
Блоки рекламавӣ