Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои бартараф кардани ҷойи нишасти хонандагон сохтмони 80 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 80 дарсади онҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Ин синфхонаҳо барои 1 ҳазору 800 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудаанд.
Аз шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки бунёди синфхонаҳо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди се муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шуда, ҳоло дар назди як мактаби дигар корҳои сохтмонии синфхонаҳо идома доранд.
Гуфта шуд, ки аз соли 2022 то ин ҷониб дар ноҳия беш аз 55 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони 30 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад.