Ба 67 сокини ноҳияи Хуросн, ки бар асари омадани сели рӯзи 14-уми майи соли равон манзилҳои зисташон хароб шуда буданд, 0,08-гектарӣ замин  дода шуд.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муйдинов дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки  ба 67 оилае, ки бар асари омадани сели рузи 14-май манзилҳои зисташон пурра хароб шуда буданд, барои бунёди манзили зист замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Манбаъ гуфт, заминҳои додашуда ба оилаҳои аз ҳодисаи табии зарардида аз макони селроҳа дур мебошанд. Гуфта шуд, ки ҳоло ин оилаҳо дар  хаймаҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд.

Ба иттилои расида аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Хуросон, аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ҷамоати деҳои Айнӣ ва Ҳилолии ноҳияи Хуросон, ки манзилҳои зисташон аз сели рӯзи 14-май осеб дида буданд,  кумакҳои хӯрокворӣ ва доруворию лавозимотӣ, 3 ҳазору 700 дона бомпӯш (шифер), 750 куб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент фиристонда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас гардид. 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, инчунин чортоннаӣ равған, макарон, сетоннаӣ марҷумак, ярмаи ҷав ва дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ, ҷамъ 84 тонна (42 тонна барои хонаводаҳои осебдида ва 42 тонна барои табибону беморон) пешбинӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь